Декабр 16, 2020 12:44 Asia/Dushanbe
  • Бозсозии тарҳи гузаргоҳи марзии Чалдавар дар вилояти Хатлон оғоз мешавад
    Бозсозии тарҳи гузаргоҳи марзии Чалдавар дар вилояти Хатлон оғоз мешавад

Дафтари СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз оғози лоиҳаи барқароркунии гузаргоҳи марзии Чалдовар дар минтақаи Шаҳртуси вилояти Хатлон бо вилояти Балхи Афғонистон хабар доданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, муддати иҷроии ин тарҳ 12 моҳ ва ҳазинаи он 995 ҳазор доллар эълом шудааст.

Бо азнавсозии гузаргоҳи марзӣ, Кумитаи амнияти давлатии Тоҷикистон 40 марзбонро сафарбар мекунад.

Ин тарҳ шомили сарбозхона, синфи омӯзишӣ бо таҷҳизоти ҷадид , ошхона ва дигар имконот барои фаъолияти марзбонони тоҷик мешавад.

Ҳадаф аз ин иқдом тақвияти ҳифозат аз марзи муштараки  Тоҷикистону Афғонистон ва муқобила бо фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир унвон шудааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздик ба 1 ҳазору 400 километр марзи муштарак дорад, ки маркази фаъолияти гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир, террористҳо ва бондҳои ҷиноии созмонёфта ба ҳисоб меояд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп