Давлаталӣ Саид: Камобии феълӣ дар таърихи Тоҷикистон бесобиқа аст
(last modified Tue, 22 Dec 2020 14:53:04 GMT )
Декабр 22, 2020 19:53 Asia/Dushanbe
  • Муовини нахуствазири Тоҷикистон камобии бесобиқаро сабаби коҳиши тавлиди барқ дар кишвар донист
    Муовини нахуствазири Тоҷикистон камобии бесобиқаро сабаби коҳиши тавлиди барқ дар кишвар донист

Муовини нахуствазири Тоҷикистон эълом кард, ки камобии феълӣ дар ин кишвар бесобиқа аст ва сабаби коҳиши тавлиди барқ дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ шудааст.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Давлаталӣ Саид ҳангоми ифтитоҳи истгоҳи нави тақсими барқ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, ба буҳрони камобӣ дар Тоҷикистон ишора кардаву гуфтааст, ки ин падидаи зистмуҳитӣ имсол на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ бесобиқа мебошад.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон аз иҷрои барномаи коҳиши 50 дарсадии истифода аз барқ дар кишвар хабар доду гуфт: “Дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон коргурӯҳҳои вижа бо ҳадафи даъват аз мардум ва мудирони корхонаҳову марказҳои тавлидӣ барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ таъсис шудаанд. Ҳамчунин ба муштаракони равишҳои истифода аз ломпҳои каммасраф ва таҷҳизоти стандарт барои коҳиши масраф омӯзиш дода мешавад”.

Дар Тоҷикистон барои шиддат ёфтани назорат бар масрафи барқ ситоди вижаи кишварӣ таъсис шудааст, ки намояндагони Вазорати корҳои дохила, Додситонии кул, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молӣ, ширкати давлатии Барқи Тоҷик ва кумитаҳои давлатии занон ва оила ва варзиш ва ҷавононро шомил мешавад.

Яке аз вазоифи ин ситод ифшосозии дуздии барқ, шиносоии қарздорони бузурги барқ ва даъват аз мардум барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ мебошад.

 

Бештар бихонед: