Бонки Ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ пешниҳод кард
(last modified Wed, 30 Dec 2020 16:04:39 GMT )
Декабр 30, 2020 21:04 Asia/Dushanbe
  • Олтерс: Густариши вируси корона осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро нишон додааст
    Олтерс: Густариши вируси корона осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро нишон додааст

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барномаи ислоҳоти бунёдини иқтисодӣ дар ин кишварро дар шароити коронаӣ ироа кардааст, ки иҷрои он муҷиби эҷоди иштиғол ва афзоиши маошу дастмуздҳо хоҳад шуд.

Ба гузориши сомонаи ТоҷВик, Ян Питер Олтерс бо ишора ба вобастагии шадиди буҷети Ҳукумати Тоҷикистон ба молиёт пешниҳод кардааст, ки молиёти бахши хусусӣ дар ин кишвар коҳиш ёбад ва заминаи фаъолияти баробар барои бахши хусусӣ ва корхонаҳои давлатӣ фароҳам шавад.

Вай афзуд: Ҳамакнун марказҳои вобаста ба ҳукумат аз имтиёзоти зиёде бархӯрдоранд, ки дар бахши хусусӣ ин сабукиҳо вуҷуд надорад.

Намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин бар баҳрагирии Ҳукумати Тоҷикистон аз фанновариҳои навини мудирияти иқтисодӣ, ислоҳот дар бахши кишоварзӣ, диҷиталӣ кардани хадамоти ҳамлунақл, банкҳо ва дигар бахшҳо таъкид ва изофа кард: Истифода аз зарфиятҳои бахши хусусӣ дар содироти маҳсалот низ метавонад заминаи иштиғолзоӣ ва афзоиши вуруди арзҳои хориҷӣ ба манзури ҳимоят аз арзиши пули миллии Тоҷикистонро фароҳам кунад.

Ян Питер Олтерс бо таъкид бар зарурати коҳиши вобастагии Ҳукумати Тоҷикистон ба даромади ирсолии коргарони муҳоҷир танҳо роҳи ҳалли ин мушкилро иштиғолзоӣ дар дохили кишвар донист.

Вай изҳор дошт: Густариши вируси корона осебпазирии иқтисоди Тоҷикистонро нишон додаву исбот кардааст, ки бо равишҳои қаблии мудириятӣ наметавон аз ин буҳрон хориҷ шуд.

 

Бештар бихонед: