Таҳлил: Яксолагии ҳукумати Толибони Афғонистон
(last modified Wed, 10 Aug 2022 06:51:29 GMT )
Август 10, 2022 11:51 Asia/Dushanbe
  • Гурӯҳи Толибон муддаӣ шуда буд, ки мардуми Афғонистон дар оянда тағири мусбатро дар зиндагии худашон шоҳид хоҳанд буд
    Гурӯҳи Толибон муддаӣ шуда буд, ки мардуми Афғонистон дар оянда тағири мусбатро дар зиндагии худашон шоҳид хоҳанд буд

Бо гузашти як сол аз ҳукумати муҷаддади Толибон дар Афғонистон, ранҷ ва дарди мардуми ин кишвар дар муқоисаи даврони иштиғоли ин кишвар тавассути Амрико ва НАТО (2001-2021) афзоиш ёфтааст.

Гурӯҳи Толибон, ки дар августи соли 2021 қудратро муҷаддад ба даст гирифт, ваъда дода буд, дард ва ранҷи мардуми ин кишварро коҳиш диҳад ва он гуна дар мақоми ҳукумронӣ амал кунад, ки ҷон ва моли мардуми Афғонистонро ҳифз кунад ва озодиҳои ононро ба расмият бишиносад.

Нигоҳе ба изҳороти Забеҳуллоҳи Муҷоҳид сухангуи Толибон дар аввалин нишасти хабари пас аз сарнагунии ҳукумати Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳӯри собиқи Афғонистон ва фатҳи Кобул, нишон медиҳад, ки ин гурӯҳ тақрибан ба ҳеҷ як аз ваъдаҳои худ, ки Муҷоҳид онро ба мардум навид дода буд, амал накарда  ва ҳатто бар хилофи шиорҳояш пеш рафтааст.

Гурӯҳи Толибон муддаӣ шуда буд, ки мардуми Афғонистон дар оянда тағири мусбатро дар зиндагии худашон шоҳид хоҳанд буд. Ин иддао дар ҳоле аст, ки дар як соли ахир на танҳо шароити мардуми ин кишвар дар муқоиса бо даврони қабл беҳтар нашудааст балки бо бӯҳрони бештаре мувоҷҷеҳ шудаанд.

Афзоиши бесобиқаи таварум ва ҳазинаҳои зиндагӣ дар Афғонистон ба гунае аст, ки бисёре аз наҳодҳои башардӯстона дар бораи вуқуъи бӯҳрони инсонӣ дар ин кишвар ба далели қатъи ва гуруснагии миллионҳо нафар дар Афғонистон ҳушдор медиҳанд.

Толибон ин ваъдаро матраҳ карда буд, ки амниятро ба унвони аслитарин ниёзи оҳоди ҷомеъа ва ба хусус ақалиятҳо дар Афғонистон таъмин кунад, ки бо гузашти яксол аз ҳукумати ин гурӯҳ дар ин кишвар натанҳо амниятро ба армуғон наёварда балки доманаи таҳдидоти амнияти барои мардум аз ҷумла ақалиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ густариш ёфтааст.

Дар як соли ахир ақалияти шиаён дар Афғонистон борҳо ва борҳо ҳадафи ҳамалоти террористии гурӯҳи ДОИШ буда аст, ки мутасифона ин ҳамалоти ҳадафманд дар сояи таваҷҷӯҳи давлати Толибон ба таколиф ва ваъдаҳояш ба таъмини амниятӣ умумии мардуми ин  кишвар рух додааст.

Толибон дар бораи ҷомеъаи занон ваъда дода буд, ки дасти кам ҳуқуқи занонро дар чорчӯби шариати исломӣ муҳтарам бишуморад. Дар давраи ҳукумати яксоли гузашта натанҳо занони Афғонистон натавонистаад аз ҳуқуқи худ мутобиқ бо мавозини шариати ислом баҳраманд шаванд балки давлати Толибон монеъ аз ҳузури занон дар кор ва таҳсил шудааст.

Ба рағми таъкидоти фаровон дар дини ислом барои фароҳам шудани заминаи омӯзиш ва таҳсил барои занон ва духтарон аммо давлати Толибон ба баҳонаҳои воҳи, як сол аст, ки мадориси духтаронро дар Афғонистон таътил карда ва фаъолиятҳои иҷтимоъӣ ва ҳузури занони машоғили мухталифро мамнуъ кардааст.

Сухангуи Толибон як соли пеш ваъда дода буд расонаҳо озодона ва мустақилона дар Афғонистон фаъолият хоҳанд дошт, аммо дар 12 моҳи сипари шуда аз ҳокимияти Толибон дар ин кишвар расонаҳо ба шиддат маҳдуд шуда ва ин гурӯҳ завобити сахтгиронаеро барои  онон эъмол кардааст, ки амалан моҳияти фаъолияти расонаиро ба маҳоқ  бурдааст.

Давлати Толибон, ки дар арсаи фишори ҷомеъаи ҷаҳонӣ ваъда  ташкили давлати фарогир дар Афғонитонро дода буд аммо дар як сол ахир натанҳо гоме дар ин замина барнадошта балки бо таъкид бар қавмгароии хос дар арсаи ҳукмронӣ, зимни эҷодӣ бе эътиноии  бештар дар ин кишвар, сабаб шуда то ҷомеъаи ҷаҳонӣ низ бо адами шиносоии расмии ҳокимияти Толибон, чолишҳои маъишатии мардум ташдид шавад.

Ба назар мерасад то замоне, ки Толибон дар масири таҳақуқи ваъдаҳояш ҳаракат накунад ва ба асли ҷумҳӯрият дар Афғонистон  эҳтиром нагзорад, шароити сахти кунуни дар ин кишвар тағир нахоҳад кард.

Бештар бихонед: