Январ 08, 2021 22:06 Asia/Dushanbe
  • Дархости Афғонистон барои интиқоли барқ дар ҳолест, ки авзои таъмини барқ дар дохили Тоҷикистон вахим мебошад
    Дархости Афғонистон барои интиқоли барқ дар ҳолест, ки авзои таъмини барқ дар дохили Тоҷикистон вахим мебошад

Ширкати барқи Брешнои Афғонистон бо мақомоти энергетикаи Тоҷикистон барои афзоиши содироти барқ вориди музокира шудааст.

Ба гузориши сомонаи Авесто, мақомоти Афғонистон дар ҳоле хостори афзоиши рӯзонаи интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба мизони 120 мегават ба ҷои 80 мегавати феълӣ шудаанд, ки ба далели камбуди барқ дар дохили Тоҷикистон аз рӯзи 5 январи соли ҷорӣ маҳдудияти интиқоли барқ аз сар гирифта шудааст.

Мақомоти ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” мегӯянд, ки авзои таъмини барқ дар дохили ин кишвар вахим мебошад ва маълум нест, ки метавонанд ба дархости Афғонистон барои афзоиши содироти барқ посухи мусбат диҳанд ё хайр.

Афғонистон акнун ба далели қатъи барқи содиротии Ӯзбакистон бо буҳрони камбуди барқ рӯ ба рӯ шудааст.

Дар Тоҷикистон тавлиди барқ дар шабонарӯз акнун ба 68 миллион киловат соат мерасад, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи сол қабл 2,5 миллион киловат соат бештар мебошад.

Аммо 26 рӯз пас аз эъломи лағви маҳдудияти барқ, ки дуюним моҳ дар Тоҷикистон идома дошт, ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” бо интишори баёнияе аз иҷрои дубораи ин маҳдудият дар манотиқи рустоӣ аз шаби 5 январ хабар дод.

Дар баёнияи “Барқи Тоҷик” таъкид шудааст, ки ин маҳдудият аз соати 23 шаб то 6 субҳ иҷро хоҳад шуд ва танҳо манотиқи рустоиро шомил мешавад.

 

Барчасп