Тоҷикистон чӣ замоне ваксинаи корона дарёфт мекунад?
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60583-Тоҷикистон_чӣ_замоне_ваксинаи_корона_дарёфт_мекунад
Мудири идораи вазъияти фавқулодаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки тазриқи ваксинаи корона дар ин кишвар бар асоси барномаи байналмиллалии мавсум ба КОВАКС бо ҳамоҳангии Созмони ҷаҳонии тандрустӣ ба эҳтимоли зиёд дар нимаи дувуми соли 2021 оғоз хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 09, 2021 11:33 Asia/Dushanbe
  • 20 дарсад аз аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаи коронаӣ ниёз доранд
    20 дарсад аз аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаи коронаӣ ниёз доранд

Мудири идораи вазъияти фавқулодаи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон эълом кард, ки тазриқи ваксинаи корона дар ин кишвар бар асоси барномаи байналмиллалии мавсум ба КОВАКС бо ҳамоҳангии Созмони ҷаҳонии тандрустӣ ба эҳтимоли зиёд дар нимаи дувуми соли 2021 оғоз хоҳад шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Авесто , Ҷаъфар Наврӯзов гуфта аст, ки ба ин манзури коргурӯҳи вижае аз мутахассисони вазорати тандурустии Тоҷикистон таъсис шуда аст.

Ба гуфтаи вай 20 дарсад аз ҷамъияти наздик ба 9 . 5 миллион нафарии ин кишвар ба тазриқи ваксинаи корона ниёз доранд ва авлавияти дарёфти ваксинаи Ковид 19 бо кормандони бахши тандурустӣ , маорифу илм , афроди болои 50 сол, афроди гирифтори бемориҳои музмини ғайривогир хоҳад буд.

Мақомоти вазорати тандурустии Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки барои хариди ваксинаи коронаи Созмони ҷаҳонии тандрустӣ 3 миллион доллар кумаки ройгон ва ниҳодҳои молии байналмиллалӣ низ 5 миллион доллар ба Тоҷикистон ихтисос хоҳанд дод.

 Бештар бихонед: