Январ 11, 2021 22:33 Asia/Dushanbe
  • Аъзои Порлумони Тоҷикистон ба муддати 5 сол интихоб мешаванд
    Аъзои Порлумони Тоҷикистон ба муддати 5 сол интихоб мешаванд

Мудири Идораи хадамоти Порлумони Тоҷикистон ҳазинаи молӣ ва теъдоди кормандони дафтариву фаннии маҷлисҳои намояндагон ва миллии ин кишварро эълом кард.

Ба гузориши сомонаи рӯзномаи порлумонии “Садои мардум”, Ҷамшед Муртазозода гуфтааст, ки барои Маҷлиси намояндагон дар соли 2021, 21 миллиону 65 ҳазору 280 сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Ҳамчунин барои идораи умури марбут ба 63 намояндаи маҷлиси қонунгузории Тоҷикистон 277 корманди дафтарӣ ва хадамотӣ истихдом шудаанд.

Аз сӯйи дигар, барои фаъолияти Маҷлиси миллии Тоҷикистон, ки 33 узв дорад, дар соли нав 3 миллиону 900 ҳазор сомонӣ ихтисос ёфтааст.

Теъдоди кормандони дафтарӣ ва хадамотии Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳам 52 нафар эълом шудааст.

Порлумони Тоҷикистон шомили ду Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ (сенат) аст ва аъзои он ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп