Эътирози намояндаи парлумони Фаронса ба идомаи ҷиноятҳои Исроил дар борикаи Ғазза
Намояндаи парлумони Фаронса бо баёни инки дар навори Ғазза ташнагон ба куштор машғул ба кор ҳастанд ва режими Исроил дар Ҷиболё як дӯзах барпо кардааст, гуфт: «Париж то чӣ замоне мехоҳад ба ҳамдастӣ бо Тел-Авив идома диҳад?».
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Саҳоб, Томас Пуртс-намояндаи парлумони Фаронса дар суханоне дар саҳни маҷлиси ин кишвар бо ишора ба густариши ҷиноёти режими саҳюнистӣ, гуфт: Дар Лубнон ҷиноёти ҷангӣ чанд баробар мешавад ва дар Каронаи бохтарӣ мардум кушта мешаванд ва дар навори Ғазза низ наслкушӣ ҳамчунон идома дорад.
Пуртс бо баёни инки наздик ба 16 рӯз аст, ки шаҳри Ҷиболиё дар муҳосираи артиши Исроил аст ва 400 ҳазор нафар аз об, ғизо ва хадамоти пизишкӣ маҳрум мондаанд, афзуд: «Мактабҳо бомбаборон мешаванд ва бемористонҳо дар оташ месӯзанд ва дар пайи роҳбурди наслкушонаи режими Исроил бӯи марг дар шимоли навори Ғазза ҳама ҷоро фаро гирифтааст; Чӣ касе ҳозир аст дубора афсонаи дифоъ аз Тел-Авив дар баробари Ҳамос ё Ҳизбуллоҳро бовар кунад?.»
Ин намояндаи парлумони Фаронса, дар идома бо баёни инки машрӯъиятбахшӣ ба ин ҳаҷм аз ваҳшигарӣ бояд ҷаҳонро нигарон кунад, гуфт: Ин ҷанг нест, як наслкушӣ аст ва мардуми Фаронса моҳҳост, ки алайҳи он ба по хостаанд.
Намояндаи парлумони Фаронса дар поён бори дигар давлати ин кишварро хитоб қарор дод ва бо таъкид бар инки таърих онҳоро доварӣ хоҳад кард, гуфт: Акнун ва дар ҳоле ки беш аз 43 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд, дигар ҳамоиш барои таҳрими режими Исроилро канор бигузоред, Фаластинро ба расмият бишносед ва гомҳои ҷиддӣ бардоред.