Порлумони Тоҷикистон: Транзити боркашонӣ тавассути қаламрави Узбакистон осонтар мешавад
(last modified Fri, 04 Oct 2024 12:04:57 GMT )
Октябр 04, 2024 17:04 Asia/Dushanbe
  • Тарнзити осони бор миёни Тоҷикистону Узбакистон
    Тарнзити осони бор миёни Тоҷикистону Узбакистон

Ҳамлу нақли транзитии васоили нақлиёти боркаш тавассути қаламрави Тоҷикистону Узбакистон берухсатнома амалӣ мегардад.

Ба гузориши “Спутник”, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон эълом кард, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, лоиҳаи эҷоди тағйиру илова кардани мавориде ба тавофуқномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Узбакистон “Дар бораи ҳамкории транзитӣ”, ки 9 марти соли 2018 дар Душанбе ба имзо расида буд, тасвиб кард.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим зимни тавзеҳи ин масъала дар Порлумони Тоҷикистон гуфт, ки тағйирот дар тавофуқномаи байни давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон бо ҳадафи фароҳам кардани шароити мусоид барои тараддуди восоили нақлиёти транзитии ду кишвар ва ҳамчунин бо ҳадафи табдил кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишваре транзитӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ будааст.

Гуфтанӣ аст, ҳар сол дар маҷмуъ 25 то 30 ҳазор муҷаввиз барои ҳамлу нақли убурӣ байни ду кишвари Узбакистону Тоҷикистон барои транзиту интиқоли бор ба кишвари сеюм, ки бахши зиёде аз он барои васоили нақлиёти Узбакистон истифода мешавад, табодул мегардад.