Январ 13, 2021 13:34 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон аз Олмон мехоҳад дар тарҳҳои энержии ин кишвар ширкат кунад
    Тоҷикистон аз Олмон мехоҳад дар тарҳҳои энержии ин кишвар ширкат кунад

Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар дидор бо дипломати баландпояи олмонӣ мушорикати Берлинро дар тарҳҳои энержии Душанбе хостор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон дар дидор бо дипломати баландпояи олмонӣ мушорикати Берлинро дар тарҳҳои энержии Душанбе хостор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон , Соҳибназари Ғайратшоҳ бо Йоҳан Зитҳоф-намояндаи маҷлис ва масъули ҳамоҳангии ҳамкориҳо бо Русия , Осиёи марказӣ ва кишварҳои узви барномаи мушорикати шарқӣ дар вазорати хориҷаи Олмон дидор кард.

Дар ин дидор дар бораи сатҳи феълӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистон бо Олмон, густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷорӣ , энержӣ , илмӣ ва гардишгарӣ, таҳаввулоти амниятии минтақа баҳсу табодул назар шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо муаррифии зарфиятҳои энержии Тоҷикистон аз ҷумла сохти нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ , бодӣ ва хуршедӣ , хостори сармоягузории Берлин дар ин тарҳҳо шуд.

Ӯ таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳангоми сохти ин нерӯгоҳҳо масойили зистмуҳитиро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 Мақоми олмонӣ низ дар ин дидор аз густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ , энержӣ , илмӣ ва гардишгарӣ бо Тоҷикистон ҳимоят кард.

 Ҳукумати Олмон барои сохту бозсозии нерӯгоҳҳои барқӣ-обӣ дар вилояти Бадахшон наздик ба 20 миллион евро кумаки ройгон ихтисос дода аст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп