Иддаои нашрияи чинӣ дар бораи моликияти Пекин бар бахше аз сарзамини Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i60807-Иддаои_нашрияи_чинӣ_дар_бораи_моликияти_Пекин_бар_бахше_аз_сарзамини_Тоҷикистон
Нашрияи чинӣ ба номи " Гул-бозтоби торихӣ " ( (鲜花畅谈历史 ) дар тозатарин шумораи хеш иддаои ҳаққи моликияти Пекин бар бахше аз сарзамини Тоҷикистонро ба миён оварда аст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 18, 2021 11:37 Asia/Dushanbe
  • Дар ҳафтаҳои ахир иддаои моликияти Чин бар бахшҳое аз Тоҷикистон бори дигар такрор мешавад
    Дар ҳафтаҳои ахир иддаои моликияти Чин бар бахшҳое аз Тоҷикистон бори дигар такрор мешавад

Нашрияи чинӣ ба номи " Гул-бозтоби торихӣ " ( (鲜花畅谈历史 ) дар тозатарин шумораи хеш иддаои ҳаққи моликияти Пекин бар бахше аз сарзамини Тоҷикистонро ба миён оварда аст.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Топ , дар ин мақола, ки бидуни зикри номи нависанда мунташир шуда аст, иддао мешавад ки Тоҷикистон дар гузашта бахше аз қаламрави Чин буд ва сарзамини Осиёи марказӣ низ ба Чин таъаллуқ дошт.

 Ин дар ҳоле аст, ки пас аз фурупошии Шуравӣ , Тоҷикистон замине ба масоҳати 1 100 километри мураббаъро дар вилояти Бадахшон барои қонеъ кардани Чин ба ин кишвар вогузор кард ва дар зоҳир ихтилофи марзии ду кишвар ба поён расид.

 Аз сӯи дигар интишороти чинии China Daily Global бо интишори китобе дар Пекин дар бораи дӯстии Тоҷикистону Чин навишта аст : « Равобити тиҷорӣ байни Чину Тоҷикистони феълӣ ҳануз дар даврони ҳукумати Сомониён барқарор шуда ва имрӯз муносиботи Душанбе ва Пекин дӯстона мебошад.»

Дар соли 2020 низ як нашрияи дигари чинӣ бо интишори матлабе иддаои ҳаққи моликияти Пекин бар бахше аз сарзамини Тоҷикистонро матраҳ карда буд.

 

 Бештар бихонед: