Январ 19, 2021 15:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳануз маълум нест, ки андоз бар арзиши афзудаи навро ширкатҳои хориҷӣ мепардозанд ё муштариёни онон дар дохили Тоҷикистон
    Ҳануз маълум нест, ки андоз бар арзиши афзудаи навро ширкатҳои хориҷӣ мепардозанд ё муштариёни онон дар дохили Тоҷикистон

Бо вориди намудани ислоҳия ба қонуни андози Тоҷикистон акнун ширкатҳои хориҷӣ фароҳамгари хадамоти интерентӣ муваззаф ҳастанд 18 дарсади андоз бар арзиши афзударо ба ин кишвар бипардозанд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек , аз рӯзи 16 январи имсол ин қонун иҷро шуда ва мушаххас нест, ки ин андоз ё молиётро ширкатҳои хориҷӣ пардохт хоҳанд кард ё муштариёни онон дар дохили Тоҷикистон.

 Ин дар ҳоле аст, ки талошҳои ба ин монанд дар Русия ва Узбекистон барои водор кардани ширкатҳои Google , Apple ва Facebook ба пардохти молиёт бар арзиши афзуда ба ҷой нарасида ва коршиносони тоҷик низ муътақиданд, ки бори сангини молиёт бар арзиши афзудаи 18 дарсадӣ бар души корбарони хадамоти электроникӣ хоҳад буд.

Акнун Алифбанк ва Банки тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба муштариёни хеш эълом кардаанд, ки хадамоти пардохти ҳазинаи истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ , бозиҳои роёнаии мустақим , хариди интерентии коло ва хароҷоти истифода аз моҳвораҳоро қатъ кардаанд.

Аз дидгоҳи коршиносон , ҳеч як аз шабакаҳои ёдшудаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дафтар надоранду номнавис нашудаанд, ки ба ин далел дарёфти молиёт аз ин ширкатҳо ғайримумкин хоҳад буд ва сабаби сардаргум шудани корбарони интернет дар Тоҷикистон хоҳад шуд.

Бештар бихонед:

 

Барчасп