Фаъолияти дубораи дафтари намояндагии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон
Дафтари намояндагии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилаи Русия дар Тоҷикистон, ки ба далели густариши вируси корона фаъолияти худро мутаваққиф карда буд, пазириши дархостҳо барои муҳоҷират ба Русияро аз сар гирифт.
Ба гузориши сомонаи Тоҷ вик, ин бор сабти номи довталабони муҳоҷират ба Русия барои кору зиндагӣ аз Тоҷикистон, интерентӣ хоҳад буд ва пас аз баррасии мадорики онон ба ин дархостҳо посух дода мешавад.
Дар солҳои ахир ҳазорон шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси барномаи муҳоҷират ба Русия аз тариқи ин дафтар бо хонаводаҳои хеш барои кору зиндагӣ ба Русия рафтаанд, ки гуфта мешавад, дар муқоиса бо соири кишварҳои узви Ҷомеъаи Ҳамсуд теъдоди тоҷикҳо ба маротиб бештар аст.
Ин афрод бар асоси ниёзи ширкатҳои русӣ барои истиқомат ва кор дар манотиқи мухталифи ин кишвар мустақар мешаванд ва бо тахассуси хеш истихдом мешаванд.
Ҳакумати Русия илова бар пардохти ҳазинаи сафари онон ва вогузории хона ба онон, ба ин афрод кумакҳои ройгони молӣ низ мекунад то дар мароҳили аввалия битавонанд бо шароити ин кишвар созгор шаванд.
Ба тадриҷ ба ин афрод иқомати муваққат ва пас аз тайи мароҳили қонӯнии тобеъияти Русия эъто хоҳад шуд.
БЕШТАР БИХОНЕД: