Афзоиши нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sat, 23 Jan 2021 17:13:20 GMT )
Январ 23, 2021 22:13 Asia/Dushanbe
  • Ронандагони василаҳои нақлия мегӯянд, афзоиши қиммати сӯхт сабаби афзоиши нархи роҳкиро хоҳад шуд
    Ронандагони василаҳои нақлия мегӯянд, афзоиши қиммати сӯхт сабаби афзоиши нархи роҳкиро хоҳад шуд

Тайи рӯзҳои ахир дар Тоҷикистон нархи бензин ва сӯзишвории дизелӣ афзоиш ёфта ва акнӯн барои ҳар як литр аз ин ду навъи сӯхт бояд 7 сомонӣ пардохт кард.

Ба гузориши сомонаи Спутник, баҳои як литр бензин ва сӯзишвории дизелӣ, ки ҳафтаи қабл 6 сомониву 60 дирам буд, акнӯн ба 7 сомониву ҳатто бештар расидааст.

Мақомоти расмӣ дар бораи иллати афзоиши қимати ин ду навъи сӯхт тавзеҳ надодаанд ва ронандагони васоил нақлия муътақиданд, ки ин падида мӯҷиби афзоиши роҳкиро ва норизоятии мусофирон мегардад.

Қаблан масъулони ширкатҳои воридкунандаи сӯхт далели афзоиши қиматҳоро коҳиши воридот унвон карда буданд.

Тоҷикистон сӯхтро асосан аз Русия ва Қазоқистони ворид мекунад.

Нархи анвоъи сӯхт дар Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ 30 то 40 дарсад гаронтар мебошад.

Бар асоси омори расмии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба кишвар дар соли 2020 беш аз 430 ҳазор тон гази мойеъ, 250 ҳазор тон сӯзишвории дизелӣ ва 180 ҳазор тон бензин ворид шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: