Идомаи буҳрони сӯхт дар Британия
Буҳрони энержӣ дар Британия боис шудааст то миллионҳо хонавор дар ин кишвар аз камбуди сӯхт ранҷ мебаранд .
Дар моҳҳои гузашта коҳиши ҷараёни гази Русия ба Аврупо ва шароити эҷодшуда ба хотири таҳримҳои зиддирусӣ муҷиби боло рафтани қимати сӯхту энержӣ дар кишварҳои аврупоӣ аз ҷумлаи Британия шудааст .
Ба гузориши рӯзи шанбеи хабаргузории Садо ва Симо, созмони хайрияи мавсӯм ба иқдоми энержӣ дар Британия дар гузорише эълом кард ; Бо тавваҷуҳ ба буҳрони ҷаҳонии энержӣ мумкин аст то 6.7 миллион хонавор дар Британия бо камбуди шадиди сӯхт рӯбарӯ шаванд .
Бар ин асос хонаворҳои британияӣ бояд 10 дарсад ё бештар аз даромади худро сарфи баҳои сӯхт барои гарм кардани хона ва пухту паз кунанд .
Таварруми бархоста аз афзоиши қиматҳои энержӣ ва ғизо дар Британия ба беш аз 11 дарсад расидааст .
Бештар бихонед :