Кӯмаки 30 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои омӯзиши коргарони муҳоҷири тоҷик
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тавофуқномаи кӯмаки молии 30 миллиондолларии Бонки Рушди Осиё барои омӯзиши коргарони муҳоҷири тоҷикро тасвиб кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тов Ти Ҷи, Юсуфи Маҷидӣ муовини вазири молияи Тоҷикистон ҳангоми ирояи ин созишнома ба маҷлиси намояндагони ин кишвар гуфтааст, ки ин кумаки молӣ барои курсҳои омӯзишии касбии коргарони муҳоҷир, занону афроди бекор ҳазина хоҳад шуд.
Вай таъкид кард, ки бо ин мақсад барои электрикҳо дар шаҳраки Роғун, сайёҳӣ дар Душанбе, кишоварзӣ дар минтақаи Данғара ва марказҳои хидматрасонии муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд ва минтақаи васеъ курсҳои омӯзишии касбӣ кушода мешаванд.
Омӯзиш дар ин марокиз аз моҳи феврали имсол оғоз мешвавад ва 6 сол идома хоҳад дошт.
Коршиносон чӣ мегӯянд?
Бо ин ҳол таҳлилгари тоҷик Шӯҳрат Латифӣ мӯътақид аст. ки дар Тоҷикистон ниёзе ба ифтитоҳи марокизи ҷадиди омӯзишҳои техникӣ ва касбӣ нест.
Латифӣ бар ин назар аст, ки биноҳои бисёр марказҳои техникӣ ва касбӣ дар кишвар холӣ ҳастанд ва ба ҷои кушодани марказҳои нав беҳтар мебуд, агар ин маблағҳои молиявӣ барои омӯзиши ихтисосҳои барои муҳоҷирони меҳнатӣ зарур сарф мешуданд.
Ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик, аксари коргарони муҳоҷир дар Русия танҳо дар соҳаи сохтмон кор мекунанд ва насли ҷавон бояд аз техникаи нав, технологияҳои нави компютерӣ, коммуникатсия ва телекоммуникатсия омодагӣ гирад, то аз бахши кори вазнин берун оянд.
Дар Русия ба сабаби паҳн шудани вируси корона ва бозгашти шумораи зиёди муҳоҷирони кории тоҷик бекорӣ афзоиш ёфтааст.
Бештар бихонед: