Январ 27, 2021 11:48 Asia/Dushanbe
  • Ҷурми шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак ба омодасозии муқаддамоти амалиёти террористӣ дар Олмон эълом шудааст
    Ҷурми шаҳрванди Тоҷикистон кӯмак ба омодасозии муқаддамоти амалиёти террористӣ дар Олмон эълом шудааст

Додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи Олмон як шаҳрванди Тоҷикистонро барои тарҳрезии амалиёти террористӣ ва узви ДИИШ ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷ Вик, дар ҳукми ин додгоҳ таъкид шудааст. ки ин фарди 31 солаи мутаваллиди Тоҷикистон ва муттаҳам ба омодасозии муқаддамоти амалиёти террористӣ дар Олмон ва Албания аст.

Вай бахше аз иттиҳомоти худро пазируфтааст.

Дар баёнияи додгоҳи Олмон номи ин фард зикр нашудааст.

Додситони шаҳри Дюсселдорф барои ин шаҳрванди Тоҷикистон 8 солуним зиндон дархост карда буд.

Қаблан полиси Олмон панҷ тоҷикро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамдастӣ барои тадоруки ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламрави Олмон боздошт карда буд,  ки истирдоди як нафар аз онон ба номи Комрон Зуҳуров аз Албания ба Берлин низ дар чорчӯби ин парванда анҷом шуд.

Пештар номи масъули ин гурӯҳи вобаста ба ДИИШ дар Олмон, ки атбоъи Тоҷикистон шомил он мешуданд Равшани Б . эълом шуда буд.

 

Бештар бихонед:

Барчасп