Пас аз 9 моҳи таътилӣ дарҳои масҷидҳои Тоҷикистон боз шуданд.
(last modified Mon, 01 Feb 2021 09:53:06 GMT )
Феврал 01, 2021 14:53 Asia/Dushanbe
  • Рӯзи 1 феврал дарҳои масҷидҳои Тоҷикистон ба рӯи намозгузорон боз шуданд
    Рӯзи 1 феврал дарҳои масҷидҳои Тоҷикистон ба рӯи намозгузорон боз шуданд

Дари масҷидҳои Тоҷикистон пас з 9 моҳи таътилӣ аз имрӯз аввали феврали соли 2021 ба рӯи намозгузорон боз шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Комитети давлатии умури дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон,  бар асоси дастури ситоди кишварии мубориза бо вируси корона аз аввали феврали соли 2021 пас аз 9 таътилӣ, акнун дар масҷидҳои Тоҷикистон намозҳои ҷамоат иқома хоҳад шуд.

Аммо шарти азсаргирии фаъолияти масҷидҳо ва иқомаи намоз дар ин маконҳои ибодӣ риояти тавсияҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, илзомӣ будани ниқоб барои намозгузорон, таҳвияи масоҷид ва дезинфексия кардани ин маконҳои ибодӣ унвон шудааст.

 
Раиси Ҷумҳурии тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмони низ дар паёми солонаи хеш ба порлумони ин кишвар таъкид карда буд, ки намозгузорон бо бозкушоии масҷидҳо бояд муқаррароти беҳдоштиро ба вижа дар намозҳои ҷумъа риоят кунанд. Ба гуфтаи вай агар ин муқаррарот муроот нашавад масҷидҳо дубора баста хоҳанд шуд.
 

Масҷидҳои Тоҷикистон аз рӯзи 18 апрели соли 2020 тибқи мусаввабаи Шӯрои уламои исломии кишвар ва тавсияҳои ситоди муқобила бо вируси корона барои ҷилавгирӣ аз густариши Ковиди 19 баста шуд.

 

Бештар бихонед: