20 соли зиндон барои корманди гумруки Душанбе
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i61602-20_соли_зиндон_барои_корманди_гумруки_Душанбе
Додгоҳи шаҳри Душанбе як корманди собиқи гумруки пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздӣ дар пардохтҳои гумрукӣ ба 20 сол зиндон маҳкӯм кард ва ду шарики вайро низ таҳти пайгарди қазоӣ қарор додааст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 02, 2021 15:57 Asia/Dushanbe
  • Ин санадсозиҳо дар раванди бозрасӣ аз фаъолияти ин корманди масъӯли гумрук ифшо шудааст
    Ин санадсозиҳо дар раванди бозрасӣ аз фаъолияти ин корманди масъӯли гумрук ифшо шудааст

Додгоҳи шаҳри Душанбе як корманди собиқи гумруки пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми дуздӣ дар пардохтҳои гумрукӣ ба 20 сол зиндон маҳкӯм кард ва ду шарики вайро низ таҳти пайгарди қазоӣ қарор додааст.

Ба гузориши сомонаи Спутник, С. Нуъамонзода бо ҳамдастии А. Ҳайдаров, Ш. Сафаров фаъолони бахши хусӯсӣ 31 миллион сомонӣ аз пардохтҳои гумрукиро ба ҳисоби хадамоти гумрук вортз накардаанд.

Гуфта мешавад, ки Нуъамонзода бо дасткории асноди пардохти гумрукӣ 21 миллион сомониро ба ҳисоби 4 ширкати мутаъаллиқ ба Сафаров вориз ва расидҳои тақаллубӣ низ содир кардааст.

Ин санадсозиҳо дар раванди бозрасӣ аз фаъолияти ин корманди масъӯли гумрук ифшо шудааст.

 

БЕШТАР БИХОНЕД: