Тоҷикистон ба музокирот дар бораи сохти роҳи оҳани минтақаӣ идома медиҳад
-
Вазири нақлиёти Тоҷикистон сармояи мавриди ниёз барои хатти оҳани минтақаиро 128 миллион доллар эълом кард
Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз идомаи музокирот дар бораи сохти роҳи оҳани минтақаии Туркманистон – Афғонистон – Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши сомонаи “ТоҷВик”, Азим Иброҳим дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе бо радди иддаои бархе аз расонаҳо дар бораи мунсариф шудани Тоҷикистон аз ин тарҳи минтақаӣ гуфт, ки музокирот дар ин замина идома дорад.
Вай мушкили аслии идомаи сохти ин роҳи оҳанро камбуди манобеи молӣ дар бахшҳои тоҷикистонӣ ва афғонистонии ин масир номид ва афзуд, ба ин манзур Тоҷикистон бо Бонки Рушди Осиё ва Бонки Рушд ва Бозсозии Аврупо дар бораи ҷазби сармоя аз ин ду ниҳоди молӣ дар ҳоли музокира аст.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон маблағи мавриди ниёз дар ин заминаро 128 миллион доллар эълом кард.
Туркманистон қаблан 35 километр аз ин роҳро дар қаламрави Афғонистон такмил кард, вале идомаи ин масир ба далели камбуди манобеи молии тарафи тоҷикистонӣ ба таъхир афтод.
Ҳамчунин дар солҳои ахир миёни Туркманистон ва Тоҷикистон бар сарнуқтаи иттисоли ин роҳи оҳан дар шаҳристони марзии Шаҳритӯс ё бандари Шерхон дар вилояти Қундӯзи Афғонистон ва вилояти Хатлони Тоҷикистон ихтилофи назарҳо сахттар шудааст.
Тарҳи сохти ин роҳи оҳани минтақаӣ дар дидори раисони ҷумҳурии Афғонистон, Тоҷикистон ва Туркманистон моҳи марти соли 2013 дар Ишқобод имзо шуд.
Бештар бихонед:
- Туркманистон роҳи оҳани минтақаии Афғонистон то марзи Тоҷикистонро хоҳад сохт
- Калиди роҳи оҳани Туркманистон – Афғонистон ва Тоҷикистон дар дасти Чин
- Туркманистон сохти роҳи оҳан аз Афғонистон то марзи Тоҷикистонро идома медиҳад