Октябр 18, 2016 10:47 Asia/Dushanbe
  • Баррасии авзои Бонки содироти Тоҷикистон бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул

Мудирияти муваққати Бонки содироти Тоҷикистон, ки як сол аст бо мушкили пардохти манобеи молӣ ба муштариёнаш рӯбарӯст, дар дидор бо намояндагони Сандуқи Байналмилалии Пул дар Душанбе, роҳҳои хуруҷ аз ин буҳронро мавриди баррасӣ қарор дод.

Ба гузориши сайти Бонки содироти Тоҷикистон, Мирҳаёт Ёқубов, мудири муваққати Бонки содироти Тоҷикистон дар ин дидор дар бораи иқдомоти анҷомшуда барои беҳбуди авзои молии ин бонк гузорише ироа кардааст.

Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Нейл Маккен, намояндаи Бонки Тавсеа ва Бозсозии Аврупо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз барномаи муштараки ин ниҳод бо Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул барои беҳбуди авзои молӣ ва хуруҷи бонкҳои Тоҷикистон аз авзои ногувори феълӣ хабар дода буд.

Вай гуфт, ки бар асоси барномаи муштараки ин 3 ниҳоди молии байналмилалӣ барои ислоҳот дар низоми бонкии Тоҷикистон 100 миллион доллар ихтисос дода хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, ин маблағ ба шарти анҷоми ислоҳоти сохтории мавриди ниёзи ниҳодҳои молии байналмилалӣ дар низоми бонкии Тоҷикистон ба ин кишвар вогузор хоҳад шуд.

Бонки содироти Тоҷикистон аз авоили соли ҷорӣ бо мушкили пардохти маблағҳои амонати муштариёнаш мувоҷеҳ шуд, ки Бонки Миллии ин кишвар ба манзури хуруҷ аз ин буҳрон бо барканории ҳайати мудираи ин ниҳод, мудирияти муваққатро мансуб кард.

Ҳамчунин Агроинвестбонк бо мушкили мушобеҳе рӯбарӯ шудааст.