Коҳиши 4 баробарии издивоҷи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ
(last modified Thu, 04 Feb 2021 14:25:49 GMT )
Феврал 04, 2021 19:25 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши 4 баробарии издивоҷи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ

Дар 12 соли гузаштаи теъдоди издивоҷи занони тоҷик бо афроди хориҷӣ ҳудуди 4 баробар коҳиш ёфта аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии бурӯнмарзии Садои Хуросон ба нақл аз Азия Плюс-раиси Идораи сабти ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт : Соли гузашта 192 маврид издивоҷи занони тоҷик бо шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар сабт шуд, ки 11 маврид камтар аз соли 2019 аст.

 Саодат Сироҷзода афзуд : Бештари духтарони тоҷик бо шаҳрвандони Русия, Узбакистон, Афғонистон ва Чин издивоҷ карданд.

 Ӯ гуфт : Аз ин теъдод 32 маврид издивоҷ дар минтақаи Суғд, 10 маврид дар Хатлон, 8 маврид дар Бадахшон, 44 маврид дар Душанбе ва 98 маврид дар манотиқи дигари Тоҷикистон сабт шуда аст.

 Ба гуфтаи вай далели коҳиши издивоҷ бо хориҷиҳо , ислоҳоти соли 2011 дар қонуни оилаи Тоҷикистон аст, ки маҳдудиятҳоеро барои издивоҷи занони тоҷик бо хориҷиҳо тасвиб кард.

 

 Бештар бихонед: