Феврал 06, 2021 20:28 Asia/Dushanbe
  • Ин идораи хидматрасонӣ дар Тоҷикистон дар заминаи таҳияи ҳуҷҷатҳои тоҷикони довталаби кор дар Русия фаъолият хоҳад кард
    Ин идораи хидматрасонӣ дар Тоҷикистон дар заминаи таҳияи ҳуҷҷатҳои тоҷикони довталаби кор дар Русия фаъолият хоҳад кард

Вазорати корҳои дохилии Русия ба зудӣ дар Тоҷикистон идораи хадамоти шиноснома ва раводид эҷод мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Ховар,  намояндаи Вазорати кор ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав Зоҳир Мирзозода ва мудири идораи хадамоти шиноснома ва раводиди Вазорати корҳои дохилаи Русия Сергей Машин дар дидор бо якдигар дар бориа ин мавзӯ тавофуқ карданд. 

Ин идораи хадамотӣ дар Тоҷикистон дар заминаи таҳияи мадорики тоҷикони довталаби кор дар Русия ва осонсозии раванди эъзоми созмонёфтаи коргарони муҳоҷири тоҷик ба ин кишвар фаъолият хоҳад кард то зимни кӯтоҳ кардани давраи таҳияи мадорик, заминаи судури муҷаввизи кору иқомати онон пеш аз сафар ба Русия фароҳам шавад. 

 

Мудири идораи хадамоти шиноснома ва раводиди вобаста ба Вазорати корҳои дохилаи Русия гуфтааст: Чунин идора ҳафтаи қабл дар Узбакистон ифтитоҳ шуд ва акнун таъсиси он дар Тоҷикистон низ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Намояндаи Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон Зоҳир Мирзозода дар Маскав ҳам дар ин дидор гуфт,  ки наздик ба як моҳ аст ҳеч мавриди ҷадиде аз ибтило ба Ковиди 19 дар Тоҷикистон сабт нашудааст ва ин омил метавонад раванди азсаргерии парвозҳои муназзам ба Русияро шитоб бахшад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп