Боздошти як шаҳрванди Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд
(last modified Sat, 06 Feb 2021 16:42:38 GMT )
Феврал 06, 2021 21:42 Asia/Dushanbe
  • Мақомоти қазоии Узбакистон ба номи фарди боздоштшуда ишорае накардаанд
    Мақомоти қазоии Узбакистон ба номи фарди боздоштшуда ишорае накардаанд

Як шаҳрванди Тоҷикистоня. ки таҳти пайгирии қазоии байналмилалӣ буд дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, пойтахти Узбакистон боздошт шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи итилоърасонии фурудгоҳи байналмилалии Тошканд, ин фард, ки бо парвози Русия ба пойтахти Узбакистон омада буд, ба дархости мақомоти Тоҷикистон таҳти пайгарди полиси байналмилал ( Интерпол ) қарор дошт. 

Гуфта мешавад, ки тарафи Тоҷикистон аз боздошти ин фард огоҳ шуда ва мавзӯи истирдоди вай ба Душанбе миёни мақомоти қазоии Душанбе ва Тошканд дар ҳоли баррасӣ аст. 

Мақомоти қазоии Узбакистон аз мушаххасоти ин шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон танҳо ба зикри 38 сола будани вай иктифо карда ва ба номи вай ишорае накардаанд . 

Инчунин хабар дода шуд, ки ин шахс бо иттиҳоми қаллобӣ ба миқдори калон боздошт шудааст.

 

Бештар бихонед: