Рақиби "Истиқлол"-и Душанбе дар Лигаи қаҳрамонони Осиё дархости мизбонӣ дод
(last modified Mon, 08 Feb 2021 10:47:36 GMT )
Феврал 08, 2021 15:47 Asia/Dushanbe
  • Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, Истиқлоли Душанбе дар гурӯҳи А қарор дорад.
    Дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё-2021, Истиқлоли Душанбе дар гурӯҳи А қарор дорад.

Бошгоҳи Арабистон барои мизбонӣ аз гурӯҳи А Лигаи қаҳрамонони Осиё иқдом кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, бошгоҳи Ал-Ҳилоли Арабистон хабар дод барои мизбонӣ аз лигаи қаҳрамонони Осиё 2021 дар гурӯҳи худ расман иқдом кардааст.

Ал-Ҳилол дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони Осиё дар гурӯҳи А бо дастаҳои Шабоб Ал-Аҳлии Иморот, Истиқлоли Тоҷикистон ва барандаи бозии Ал-Ғурофаи Қатар бо Алмолиқи Узбакистон рақобат мекунад.

 

Бештар бихонед: