Додгоҳи олии Тоҷикистон: ҳукми Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст
-
Мақомоти додгоҳии Тоҷикистон аз эъломи муддати маҳкӯмияти Кабирӣ худдорӣ кардаанд
Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом кард, ки ҳукми маҳкумияти Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати исломӣ содир шудааст, вале то замони лозим махфӣ, боқӣ мемонад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарии масъулони Додгоҳи олии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳукми ғоибонаи Муҳиддин Кабирӣ содир шудааст, вале ба далели маҳрамона будани парвандаи вай, муддати маҳкумият махфӣ хоҳад монад.
Ба навиштаи манбаъ, Муҳиддин Кабирӣ бар асоси 16 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон моҳи октябри соли 2019 аз сӯи Додгоҳи олӣ дар ғайбаш маҳкум гардид.
Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ,тасарруфи силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, хиёнат ба ватан, мушорикат дар шӯриш барои барандозии низоми сиёсӣ ва фаъолият дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ, бахше аз иттиҳомоти Муҳиддин Кабирӣ аст.
Худи Кабирӣ, ки феълан дар хориҷи кишвар паноҳ бурдааст, борҳо иттиҳомотро бепоя ва таъқибашро дорои ангезаи сиёсӣ хонда буд.
Додгоҳи Тоҷикистон ҲНИТ-ро соли 2015 ташкилоти террористӣ-экстремистӣ эълон намуда, фаъолияташро дар кишвар мамнӯъ эълон кард.
Дар пайи ин тасмим 14 узви шӯрои сиёсии ин ҳизби боздошт ва ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд ва ду муовини ин ҳизб ҳам ҳабси абад гирифтанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Дархости рӯзноманигори тоҷик аз Эмомалӣ Раҳмон барои афви Кабирӣ
- Шарҳи ВКД дар бораи маҳкумияти Донёр Набиев
- Фарзанди узви аршади ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба зиндон маҳкум шуд