2 заминларзаи ахир дар Тоҷикистон талафот ва хисороте надошт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i62164-2_заминларзаи_ахир_дар_Тоҷикистон_талафот_ва_хисороте_надошт
Вуқуъи ду заминларза дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон талафот ва хисороте надоштааст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Феврал 13, 2021 11:36 Asia/Dushanbe
  • Ду заминҷунбӣ дар шабонаи рӯзи гузашта Бадахшон ва Душанберо ларзонд
    Ду заминҷунбӣ дар шабонаи рӯзи гузашта Бадахшон ва Душанберо ларзонд

Вуқуъи ду заминларза дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон талафот ва хисороте надоштааст.

Ба гузориши сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулъодаи Тоҷикистон, дар шабонарӯзи гузашта дар соати 00:43 дақиқаи бомдоди ҷумъа ва низ 22 шаб ду заминларза ба қудрати 5 ва ҳудӯди 3 дараҷаи рихтер дар Тоҷикистон ба сабт расад, ки ҳеч як аз ин заминларзаҳо хисорате дар пай надоштааст.

Заминларзаи нахуст дар вилояти Бадахшон ва дувумӣ дар шаҳри Душанбе ба вуқуъи пайваст.

Гуфта мешавад, ки маркази заминларзаи дувум дар 420 километрии ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон дар қаламрави Чин будааст. Марказҳои зилзиланигории Русия ва Узбекистон шиддати ин заминларзаро байни 4,5 то 5 дараҷаи рихтер эълом кардаанд.