Ҳушдори Шоҳиён ба раисони додгоҳҳои Тоҷикистон
(last modified Sat, 13 Feb 2021 16:58:53 GMT )
Феврал 13, 2021 21:58 Asia/Dushanbe
  • Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки раисони додгоҳҳо дар сурати бардурӯғ хабар додани дороиҳояшон аз вазифа сабукдӯш карда мешаванд
    Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ки раисони додгоҳҳо дар сурати бардурӯғ хабар додани дороиҳояшон аз вазифа сабукдӯш карда мешаванд

Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон аз барканор шудани раисони додгоҳҳои кишвар дар сурати ироаи иттилооти нодуруст аз амвол ва дороиҳояшон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,  Шермуҳаммад Шоҳиён ҳангоми ироаи тарҳи ислоҳи қонуни "Фаъолияти раисони додгоҳҳои Тоҷикистон " ба маҷлиси намояндагон, ҳадаф аз ин иқдомро пешгирӣ аз фасоди молӣ ва ришвахории масъулони додгоҳҳо унвон кард. 

 

Вай таъкид кард: «Раисони додгоҳҳои Тоҷикистон вазифадор мешаванд, ки феҳристи амволу дороиҳои шахсии худро ироа кунанд ва дар сурати баррасии ин мавзӯ ва ошкор шудани иттилооти нодуруст,  аз вазифаи хеш барканор хоҳанд шуд. Ҳамчунин дар сурати ифшо шудани ин маврид, ки раисони додгоҳҳои Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ҳуқуқи нафақа дарёфт мекунанд, онон аз вазифаи хеш барканор мешаванд.» 


Ба гуфтаи Шоҳиён омили дигари барканории раисони додгоҳҳои Тоҷикистон метавонад даст задан ба корҳое бошад, ки ба ҷойгоҳу мақоми низоми додгоҳӣ дар кишвар латма мезанад. 

Маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳи қонуни фаъолияти раисони додгоҳҳои Тоҷикистонро тасвиб кард.

 

Бештар бихонед: