Кашфи 340 маврид ришвахорӣ таи шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i77766-Кашфи_340_маврид_ришвахорӣ_таи_шаш_моҳи_соли_ҷорӣ_дар_вилояти_Суғд
Корманди баландпояи Идораи мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд аз кашфи 340 маврид ришвахорӣ дар ин минтақа таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод .
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Декабр 05, 2021 12:28 Asia/Dushanbe
  • Кашфи 340 маврид ришвахорӣ таи шаш моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд

Корманди баландпояи Идораи мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд аз кашфи 340 маврид ришвахорӣ дар ин минтақа таи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ хабар дод .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, Абдулҷалол Қодирҷонзода дар нишасти Шӯрои машваратии ҷилавгирӣ аз фасод ва ришвахорӣ дар вилояти Суғд гуфт : 25 маврид аз ришвахориҳо дар идороти давлатӣ, 55 маврид дар бахши маориф ва 12 маврид дар бахши тандурустӣ рух додааст.
Ба гуфтаи вай дар ин иртибот алайҳи 20 корманди давлат,55 корманди соҳаи маориф ва 7 корманди бахши тандурустӣ парвандаи ҷазоӣ ташкил шуд ва ин афрод ба сохторҳои додгоҳӣ муаррифӣ шуданд .