Феврал 16, 2021 14:40 Asia/Dushanbe
  • Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар боздошт ҳастанд
    Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Олмон ба гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи террористии ДИИШ дар боздошт ҳастанд

Додситонҳои шаҳри Дюсселдорфи Олмон парвандаи 5 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба додгоҳи ин шаҳр ирсол карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Асошейтед Пресс”, К. Фарҳодшоҳ, Г. Муҳаммадалӣ, Б. Азизҷон, К Суннатуллоҳ ва Б. Комрон муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки додгоҳи шаҳри Дюсселдорфи Олмон 26 январи соли ҷорӣ як шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҷурми омодасозии амалиёти террористӣ ва узвият дар гурӯҳи террористии ДИИШ ба 7 соли зиндон маҳкум кард. Гуфта мешавад, ки вай бахше аз иттиҳомоти худро пазируфтааст.

Қаблан полиси Олмон ин панҷ тоҷикро ба иттиҳоми узвияти дар гурӯҳи террористии ДИИШ ва ҳамдастӣ барои тадоруки ҳамлаи террористӣ ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар қаламрави Олмон боздошт карда буд, ки истирдоди як нафар аз онон ба номи Б. Комрон аз Албания ба Берлин низ дар чорчӯби ин парванда анҷом шуд.

Манобеи додситонии шаҳри Дюсселдорфи Олмон эълом кардаанд, ки ин афрод бо гурӯҳи ДИИШ дар иртибот буда, барои эъзоми ҷавонон ба Сурия ва Ироқ ва кумаки молӣ ба ин созмон иқдом кардаанд.

 

Бештар бихонед: