Октябр 19, 2016 10:34 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши нархи барқ ва оби гарм дар Тоҷикистон

Мақомоти ҳукуматӣ дар Тоҷикистон аз афзоиши қиммати барқ ва оби гарм дар ин кишвар аз аввали моҳи ноябр хабар додаанд.

Ба иттилои сайти Авесто, бар асоси тасмими ҳукумати Тоҷикистон аз аввали моҳи ноябр қиммати ҳар киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ 16-уним дарсад афзоиш хоҳад ёфт .

Қиммати ҳар як киловатт соат барқи масрафӣ барои бахши хонагӣ токунун 12,6 дирам будааст, ки бар асоси тарифаҳои ҷадид ба 16,6 дирам хоҳад расид.

Аз авали моҳи ноябр марокизи тавлидӣ ва санъатии Тоҷикистон низ барои масрафи ҳар киловатт соат барқ 35,6 дирам пардохт хоҳанд кард .

Ҳамчунин қиммати ҳар гкал гармии оби гарм, ки аз марокизи гармоишии шаҳри Душанбе ба хонаҳо ва идороти давлатӣ ва марокизи санъативу тиҷорӣ мунтақил мешавад, аз аавли моҳи ноябр барои бахши хонагӣ ба 6 сомониву шаш дирам ва барои идороти давлатӣ ва марокизи санъатӣ ва тиҷорӣ ба 51 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт .

Мақомоти давлатии Тоҷикистон мегӯянд, ки яке аз шартҳои дарёфти қарз аз Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул афзоиши қиммати барқу оби гарм аст, то бар асоси он ба тадриҷ заминаи худкифоии энержӣ дар ин кишвар фароҳам шавад .

Аз ҳудуди як ҳафта пеш дар тамомии манотиқи Тоҷикистон ба ғайр аз шаҳри Душанбе ва марокизи вилоятҳои Суғд ва Бадахшон, лимити барқ эъмол шудааст ва мардум фақат аз 8 то 20 соат дар шабонарӯз барқ дарёфт мекунанд .