Феврал 16, 2021 19:48 Asia/Dushanbe
  • Ҳадафи фурӯши ин воҳиди истеҳсолӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ буд
    Ҳадафи фурӯши ин воҳиди истеҳсолӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ва ташкили ҷойҳои корӣ буд

Роҳбари Кумитаи давлатии идораи амвол ва сармоягузории Тоҷикистон аз фурӯши ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии кишвар дар вилояти Хатлон тавассути як тендер хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи ТоҷВик, Саъди Қодирзода дар нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ин корхона рӯзи 15 феврал дар муноқисае (тендер) фурӯхта шуд ва ҳанӯз натоиҷи ниҳоии он эълом нашудааст. 

 

Вай нархи саҳҳоми ин корхонаро 200 миллион доллар эълом ва изҳор кард: ҳадаф аз фурӯши ин воҳиди тавлидӣ ҷазби сармояи хориҷӣ ва иштиғолзоӣ будааст

  

  
 Соли 2019 ҳукумати Тоҷикистон қарордоди таҷдиди таҷҳизоти корхонаи нуриҳои кимиёвии Вахш дар шаҳри Сарбандро бо ширкати чинии Ҳайнан Чжэцзян Я бекор кард.

Сабаби ин амал дар он аст, ки ширкати чинӣ ӯҳдадориҳои худро дар соҳаи таҷдиди таҷҳизоти корхона иҷро накард.

Дар моҳи сентябри соли 2016, ширкати чинии Ҳайнан Чжэцзян Ян саҳмияҳои ягона корхонаи нуриҳои кимиёвии Тоҷикистонро харид ва ваъда дод, ки таҷдиди ин корхонаро бо харҷи 360 миллион доллар дар соли 2018 ба анҷом мерасонад.

Пешбинӣ мешуд, ки корхонаи нкриҳои кимиёвии Вахш пас аз бозсозӣ зимни таъмини ниёзи Тоҷикистон заминаи содироти як миллион тонна маҳсулоти шимиёӣ ба Афғонистон ва 300 ҳазор тонна ба Қирғизистонро низ фароҳам кунад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп