Феврал 21, 2021 11:19 Asia/Dushanbe
  • Овоздиҳии дубора рўзи 18 апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд
    Овоздиҳии дубора рўзи 18 апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд

Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон эълом кард:Дар 3 ҳавзаи интихоботии ин кишвар барои мушаххас кардани 3 намояндаи нави Маҷлиси намояндагон овоздиҳии дубора баргузор мешавад.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Тоҷвек, интихоботи дубора барои мушаххас кардани 3 намояндаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҳавзаҳои Ҷалолуддини Балхӣ,Вахш ва Деваштич рӯзи 18 апрели соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд.

  Қарор аст ба ҷои 3 намояндае,ки ба далели интисоб шудан ба мақомҳои ҳизбӣ ва давлатӣ ихтиёроти онон дар Маҷлиси намояндагон қатъ шудааст, бо баргузории интихоботи нав афроди дигаре вориди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шаванд .

  Зафар Исмоилзода аз ҳавзаи интихобии Деваштич ба симати раиси кумитаи иҷрояи Ҳизби халқӣ-демократӣ дар вилояти Суғд мансуб шуда ва аз Маҷлиси намояндагон рафтааст. Ҳоким Холиқзода, ки намояндаи ҳавзаи интихобияи Ҷалолуддини Балхӣ буд ба далели интисоб ба симати раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз Маҷлиси намояндагон хориҷ шуд . Ҳамчунин Бахтовар Сафарзода-намояндаи ҳавзаи интихобияи Вахш дар вилояти Хатлон ба далели интисоб ба мақоми намояндаи Тоҷикистон дар Шурои байнипорлумонии кишварҳои узви ИДМ аз Маҷлиси намояндагон рафтааст.

  Гуфта мешавад, ки ҳар 3 намояндаи хориҷшуда узви фраксюни Ҳизби халқӣ-демократӣ  дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳастанд, ки аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад .

 

  Бештар бихонед:

Барчасп