Ҳимояти СММ аз донишомӯзони осебпазири Тоҷикистон
Феврал 23, 2021 10:46 Asia/Dushanbe
Барномаи ҷаҳонии ғизои СММ бо ҳимояти Русия донишомӯзони осебпазири мактабҳои Тоҷикистонро зери пӯшиш қарор медиҳад.
Ба гузориши хабаргузории Форс, барномаи ҷаҳонии ғизоии СММ бо ҳимояти молии Русия, таҳвили бастаҳои ғизоии таҳияшударо ба осебпазиртарин хонаводаҳои донишомӯзон мактабҳои минтақаи Хатлон оғоз кард.
Интизор меравад, то поёни моҳи ҷорӣ кумаки мушобеҳе ба хонаводаҳои донишомӯзон осебпазир дар чанд шаҳри дигари Тоҷикистон ироа шавад.
Барномаи тағзияи мактабҳо ҳамчунин аз навсозии фаннии системаи тағзияи мадориси Тоҷикистон, монанди таъмир ва сохти толорҳои ғизохӯрии мактабҳо ҳимоят мекунад, ки Русия аз соли 2012 барои он ҳудӯди 28 миллиондоллар, ихтисос додааст.
БЕШТАР БИХОНЕД:
- Имзои фармони пардохти кумаки молӣ ба қишрҳои осебпазир дар Тоҷикистон
- Ирсоли таҷҳизоти пухти ғизои гарм барои донишомӯзон аз Русия ба Тоҷикистон
Барчасп