Боздиди вазири кишвари Эрон аз бозори Меҳргони Душанбе
(last modified Tue, 23 Feb 2021 14:03:14 GMT )
Феврал 23, 2021 19:03 Asia/Dushanbe
  • Бозори Меҳргони Душанбе яке аз зеботарин бозорҳои Осиёи марказист
    Бозори Меҳргони Душанбе яке аз зеботарин бозорҳои Осиёи марказист

Вазири кишвари Эрон, ки дар сафари расмӣ дар Тоҷикистон ҳузур дорад аз бозори Меҳргони шаҳри Душанбе боздид кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, генерал Рамазон Раҳимзода вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон Абдуризо Раҳмонии Фазлиро дар ин боздид ҳамроҳӣ кард. 

Бозори Меҳргон, ки дар масоҳати 30 ҳазор метри мураббаъ дар маркази шаҳри Душанбе воқеъ шудааст, соли 2014 сохта шуда ва бо меъмории ҷаззоби худ яке аз зеботарин бозорҳои Осиёи марказист. 

Бахше аз сақфи ин муҷтамаъ ба сурати ҳарами шишаӣ сохта шудааст, ки аз тариқи он нури хуршед ба роҳатӣ ба даруни сохтмон мерасад. 

Дар ин муҷтамаи 3 табақа анвоъи сабзиҷот, мева, зиравору пистаю бодом ба фурӯш мерасад. 

Бозори Меҳргон 7 рӯзи ҳафта боз буда ва яке аз марокизи мавриди тавваҷӯҳ ва боздиди сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ ба шумор меравад.

 

Бештар бихонед: