Июл 22, 2024 18:52 Asia/Dushanbe
  • Сафари вазири корҳои дохилии Эрон ба Ироқ

Аҳмади Ваҳидӣ ба манзури ширкат дар дувумин Конфронси минтақаии мубориза бо маводи мухаддир вориди Бағдод шуд.

Аҳмади Ваҳидӣ, вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон дар замони вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии Бағдод, мавриди истиқболи Абдул Амир Ал Шимрӣ, вазири кишвари Ироқ қарор гирифт.

Дидору гуфтугӯ бо мақомоти олии Ироқ, ширкат дар дувумин Конфронси минтақаии мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои ҳамҷавори Ироқ ва ҳамчунин пайгирии масоили муртабит бо маросими пиёдаравии Арбаъин ва зарфиятҳои мавҷӯд аз муҳимтарин меҳварҳои ин сафар аст.

Ваҳидӣ дар ин сафари ду рӯза ҳамчунин бо вузарои кишварҳои ширкаткунанда дар ин конфронс дар заминаи ҳамкориҳои дуҷониба барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақа гуфтугӯ хоҳад дошт.

Дуввумин Конфронси минтақаии мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои ҳамҷавори Ироқ, имрӯз (душанбе) бо ҳузури вазорони кишварҳои узв ва руасои полиси мубориза бо маводи мухаддири Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои Арабистон, Урдун, Кувайт, Туркия, Миср, Сурия ва Лубнон дар Бағдод баргузор мешавад.

Нишасти муқаддамотии ин конфронс бо ҳузури руасои полиси ҳайатҳои коршиносии кишварҳои узв дар рӯзҳои шанбе ва якшанбе баргузор шуд.

 

Барчасп