Бонки миллии Тоҷикистон: Пулҳои Занҷонӣ дар ин кишвар нест
(last modified Mon, 25 Jul 2016 08:10:48 GMT )
Июл 25, 2016 13:10 Asia/Dushanbe
  • Бонки миллии Тоҷикистон: Пулҳои Занҷонӣ дар ин кишвар нест

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки ҳеч сармояе аз Бобаки Занҷонӣ дар бонкҳои ин кишвар вуҷуд надорад ва Эрон низ токунун санаде дар ин бора ироа накардааст.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт: Агар онтавр, ки матраҳ аст, сармояи ҳангуфте аз Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, иқтисоди ин кишвар рӯ ба рукуд намерафт ва арзиши сомонӣ то ин ҳад коҳиш намеёфт.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд: Токунун тарафи эронӣ ҳеч санади муътабаре дол бар вуҷуди сармояҳои Бобаки Занҷонӣ дар Тоҷикистон ироа накардааст.

Нурмуҳаммадзода таъкид кард, ки агар дар ин замина тарафи Эрон санади мушаххасе ироа кунад, ҳатман баррасӣ хоҳад шуд.

Баҳси сармояҳои Бобаки Занҷонӣ беш аз ду сол аст, ки дар расонаҳои Тоҷикистон матраҳ аст, аммо мақомоти тоҷик токунун вуҷуди ин сармояҳоро дар кишварашон рад кардаанд.

Бобаки Занҷонӣ як сармоядори муттаҳам дар парвандаҳои калони молӣ аст, ки беш аз 2,5 миллиард евро ба вазорати нафт ва Бонки марказии Эрон қарздор аст.

Ҷаъли асноди бонкӣ бо пардохти ришва ба бонкҳои Тоҷикистон аз дигар иттиҳомоти Бобаки Занҷонӣ аст.

Гуфта мешавад, беш аз 90 дарсади амволи Бобаки Занҷонӣ дар хориҷ аз Эрон аст.

Додгоҳ дар Эрон Бобаки Занҷониро ба эъдом маҳкум кардааст .