Феврал 28, 2021 12:49 Asia/Dushanbe
  • Раиси порлумони Афғонистон дар садри ҳайате вориди Душанбе шуда аст
    Раиси порлумони Афғонистон дар садри ҳайате вориди Душанбе шуда аст

Раиси порлумони Афғонистон, ки дар садри ҳайате вориди Душанбе шудааст, бо раиси ҷумҳурӣ ва раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва шуморе аз вазирони ин кишвар дидор мекунад.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник,Муҳаммадзоҳири Абғар-сафири Афғонистон дар Душанбе гуфтааст, ки Мирраҳмони Раҳмонӣ дар ин сафар афзун бар дидор бо Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммадтоҳири Зокирзода бо Сироҷиддини Муҳриддин-вазири умури хориҷа ва Завқӣ Завқизода-вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ҳам дидору гуфтугӯ хоҳад кард.

  Дар ин дидорҳо густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ, обу энержӣ, ҳамлу нақл, авзоъи манотиқи марзӣ ва ҳамкориҳои амниятии Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ хоҳад шуд.

  Ба гуфтаи сафири Афғонистон дар Душанбе то ба ҳол миёни Тоҷикистон бо кишвараш 7 санади ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодиву тиҷорӣ имзо шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин сафар Мирраҳмони Раҳмонӣ ва ҳайати 34 нафари ҳамроҳаш аз осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид мекунанд.

 

  Бештар бихонед :

Барчасп