Гиреҳи кӯр бар масъалаи таъмини нафти хоми полоишгоҳи Данғара
(last modified Sun, 07 Mar 2021 06:06:47 GMT )
Март 07, 2021 11:06 Asia/Dushanbe
  • Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара солона 500 ҳазор тон нафт дар ин полоишгоҳ коркард хоҳад шуд
    Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара солона 500 ҳазор тон нафт дар ин полоишгоҳ коркард хоҳад шуд

Мудирияти нахустин полоишгоҳи Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон гуфт: Мушкили таъмини нафти хоми ин воҳиди саноъатӣ баъд аз се сол ҳануз ҳам ҳал нашудааст

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи Спутник, ифтитоҳи нахустин полоишгоҳи нафти Тоҷикистон, ки сохти он аз соли 2014 оғоз шуда ва баҳрабардории он се сол аст, ки ба таъхир меуфтад ба таъмини нафти хом бастагӣ дорад.

   Гуфта мешавад, ки талоши мудирияти ин полоишгоҳ барои ёфтани ширкатҳои ҳамкор аз Эрон,Русия ва Қазоқистон ба манзури воридати нафти хом низ ба ҷое нарасидааст.

   Ширкати чинии TK - oil барои сохти полоишгоҳи Данғара 450 миллион доллар ҳазина кардааст .

Бо ифтитоҳи марҳалаи нахусти полоишгоҳи нафти Данғара дар вилояти Хатлон заминаи коркарди солона 500 ҳазор тон нафт фароҳам хоҳад шуд ва бо такмили он Тоҷикистон хоҳад тавонист солонаи як миллион тон нафти хомро дар ин полоишгоҳ тасфия кунад .

  Ба ин тартиб илова бар таъмини ниёзи дохилӣ, заминаи содироти бензин ба Афғонистон низ барои Тоҷикистон фароҳам хоҳад шуд .

    Тоҷикистон солона ба 1 миллиону 600 ҳазор тон бензину солярка ниёз дорад, ки ба таври комил аз хориҷ ворид мешавад.

 

  Бештар бихонед :