Тоҷикистон ва Чин размоиши зиддитеррористӣ баргузор мекунанд
Размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Чин дар ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон бо ҳадафи тамрин барои мубориза бо терроризм баргузор мешавад.
Шодихон Ҷамшед - раиси вилояти Бадахшон дар робита бо ин размоиши тактикӣ гуфт: Ин тамринҳо бо дастури Эмомалӣ Раҳмон - раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моҳи июни соли ҷорӣ ба тасвиб расид, баргузор мешавад.
Вай афзуд: Ҳадафи аслӣ аз баргузории ин размоиш тақвияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон пас аз ноамнӣ дар ин кишвар ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои хориҷӣ дар баробари Душанбе мебошад.
Раиси вилояти Бадахшон баён кард: Интихоби ноҳияи Ишкошим ба унвони маҳали баргузории размоиши зиддитеррористӣ ба далели доштани марзи тулонӣ ва муштарак бо Бадахшони Афғонистон аст, ки дар онҷо террористҳои байналмилалӣ мустақар мебошанд.
Баргузории тамринҳои муштараки зиддитеррористии Тоҷикистон ва Чин дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки Пекин дар муддатҳои охир ҳузури низомии худ дар минтақа, аз ҷумла Тоҷикистонро афзоиш додааст.
Ба унвони мисол, Чин чанде қабл тавофуқномаеро бо Душанбе ба имзо расонд, ки бар асоси он Пекин мутааҳҳид мешавад, дар манотиқи марзии Тоҷикистон, 3 комиссарияти низомӣ, 4 воҳиди низомӣ, 4 қароргоҳи дидбони марзӣ ва як пойгоҳи омӯзишӣ барои неруҳои марзбонии тоҷик бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳад.