Вокуниши Бонки Миллии Тоҷикистон ба мақолаи хабаргузории Азия плюс
(last modified Sun, 07 Mar 2021 17:08:00 GMT )
Март 07, 2021 22:08 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Бонки Миллии Тоҷикистон ба мақолаи хабаргузории Азия плюс
    Вокуниши Бонки Миллии Тоҷикистон ба мақолаи хабаргузории Азия плюс

Бонки миллии Тоҷикистон ба мақолаи мунташиршуда дар хабаргузории Азия плюс вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Бонки миллии Тоҷикистон, мақолаи сомонаи Азия плюс, ки 26 феврал бо номи  “Бонки миллии Тоҷикистон ба шиносоии хориҷиҳои ироадиҳанда хадамоти электроникӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад” мунташир шуд. 

 Дар мақолаи хабаргузории Азия плюс навишта шудааст, ки Бонки миллии Тоҷикистони пас аз роҳандозии маркази миллии интиқоли маблағҳо бидуни ифтитоҳи ҳисоби банкӣ акнун ҳар фурсатеро барои шиносоии фиристанда ва гиранда тақрибан ҳар интиқоли анҷомшударо дар ихтиёр қарор медиҳад.

 

Бонки Миллии Тоҷикистон низ бо нашри як изҳорот мақолаи "Азия Плюс" -ро рад кард ва гуфт: "Ин дуруст нест ва метавонад мардумро, бавижа корҷӯёни тоҷикро, ки корбарони аслии хадамоти молиявӣ ҳастанд, гумроҳ кунад."

Дар изҳорот инчунин омадааст, ки бо дарназардошти аҳамияти иҷтимоии интиқоли маблағҳо, ҳадафи асосии таъсиси Маркази Миллии Коркарди Интиқол бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ дар Бонки Миллии Тоҷикистон ташкили платформаи устувор ва бесобиқа дар таҷрибаи ҷаҳонии бонкҳои марказӣ мебошад , ки бархе аз имконоти фаннӣ ва ниҳодиро фароҳам мекунад ва ба муассиса барои интиқоли фаврӣ, боэътимод ва доимии маблағҳо бидуни кушодани суратҳисоби бонкӣ мусоидат мекунад.

 Дар идомаи баёнияи Бонки миллии Тоҷикистон қайд шудааст, ки маркази миллии пардозиши интиқол бидуни ифтитоҳи ҳисоби банкӣ ба унвони як сомонаи мунҳасир ба фард ва матлуб барои тавсеъаи бозори интиқоли маблағҳо, фурсатҳои ҷадиде барои афзоиши эътимоди умумӣ ба системаи банкӣ, беҳбуди кайфияти хадамот, мутанаввеъсозии хадамоти молӣ ва ҳамчунин ҳазфи инҳисори яке аз пардохтҳо кумак мекунаду лозим ба зикраст ки ба вижа ҳазинаи муомилоти коргарони муҳоҷирро коҳиш медиҳад.  
 

Мудирони Бонки миллии Тоҷикистон дар ин баёния таъкид карданд, ин марказ ҳеч иртиботе бо фаъолиятҳои ироадиҳандагони хадамот электруникӣ надорад, бинобарин ин идея, ки дастрасии маркази интиқоли маблағҳо ба иттилооти фаъолиятҳои ироадиҳандагони хадамоти электруникии хориҷӣ дастрасӣ дорад, нодуруст аст . 

Банки миллии Тоҷикистон эълом кард, иттилооти мунташиршуда дар ин мақола нодуруст ва дур аз воқеъият аст. 

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки дарки нодурусти масъалаҳои ҳассоси иҷтимоӣ ба муҳити иҷтимоӣ ва сармоягузорӣ таъсири манфӣ мерасонад ва шиддати иҷтимоиро афзоиш хоҳад дод.
  
  Бештар бихонед :