Баргузории мусобиқаи футбол байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон
(last modified Mon, 08 Mar 2021 05:07:52 GMT )
Март 08, 2021 10:07 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқаи футбол байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон
    Баргузории мусобиқаи футбол байни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон

Дастаҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Муғулистон бо ҳам вомехуранд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ин дидор 25 март соати 18 дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Ду тим дар қолиби бозиҳои футболи муқаддамотии ҷоми ҷаҳонии 2022 дар гурӯҳи "F" рубарӯи якдигар қарор хоҳанд гирифт.

Бар асоси тасмими мақомоти конфедератсияи футболи Осиё, Тоҷикистон мизбони бозиҳои тимҳои миллии футбол дар гурӯҳи "F" аст.

 

Бештар бихонед: