Мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Маскав бо раиси кумитаи Думаи давлатии Русия
(last modified Thu, 11 Mar 2021 14:29:52 GMT )
Март 11, 2021 19:29 Asia/Dushanbe
  • мулоқоти Имомиддин Сатторов бо Леонид Калашников
    мулоқоти Имомиддин Сатторов бо Леонид Калашников

Сафири Тоҷикистон бо раиси кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури равобит бо кишварҳои Мустақили муштаракулманофеъ дидор кард.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз вазорати умури хориҷаи ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар ин мулоқот Имомиддин Сатторов бо Леонид Калашников дар бораи мавзӯъоти тақвияту густариши равобити байнипорлумонии Тоҷикистону Русия ва ҳамкории дуҷониба табодули назар карданд.

 Ҳамчунин тарафҳо дар мавриди тавофуқномаҳои ба даст омада дар сафари расмии Рустами Эмомалӣ-раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон ба Русия дар ноябри соли 2020, вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкории ду кишвар дар Созмони паймони амнияти ҷамъӣ, ба вижа дар чорчӯби Иттиҳодияи байнипорлумонии низ гуфтугу карданд.

 

    Бештар бихонед :