Эъломи ҷузъиёти нақшаҳои тандурустии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 14 Mar 2021 16:56:47 GMT )
Март 14, 2021 21:56 Asia/Dushanbe
  • Эъломи ҷузъиёти нақшаҳои тандурустии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон
    Эъломи ҷузъиёти нақшаҳои тандурустии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон

Тафсилоти барномаҳои тандурустии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон эълон шуд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз сомонаи хабарии Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар иӣн ҷаласа вазири тандурустӣ «Ҷамолиддин Абдуллозода»  ва раиси намояндагии Созмони тандурустии ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон «Виктор Олсофский" вау намояндагони сандуқи кӯдакони Милали муттаҳид (ЮНИСЕФ ) ва анҷумани ҳамкории байналмилалии Олмон ( GIZ ), ҳузур доштанд. 

 Абдуллозода дар ин маросим ба ҳамкории мутақобили  судманди Тоҷикстон бо ниҳодҳои байналмилалӣ барои иртиқои кайфияти беҳдошт ва дармони кишвар тайи барномаи 5 сола ишора кард. 

 Барномаи тандурустии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 то 2025 бо мушорикат ва кумаки теъдоде аз ниҳодҳои иқтисодӣ ва беҳдоштии байналмилалӣ оғоз шуда, қарор аст дар ин тарҳ сомонаҳои мудирияти буҳрон ва ҳимояти молӣ аз бахши беҳдошт тақвият шавад, ҳамчунин тавзии одилонаи имконоти беҳдоштӣ дар байни мардум ва назорати дақиқ барои иҷрои омӯзишҳои пешгирӣ ва дармони бемориҳои уфунӣ ва вогирдор низ аз дигар аҳдофи тарҳи Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон аст .

 

  Бештар бихонед: