Барафрошта шудани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ
(last modified Tue, 27 May 2025 05:44:30 GMT )
Май 27, 2025 10:44 Asia/Dushanbe
  • Барафрошта шудани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ

Порс-Тудей. Дар пайи раъйгирии рӯзи душанбе (панҷуми хурдодмоҳ), ҳайати фаластинӣ муваффақ шуд ҳаққи барафроштани парчами Фаластин дар Созмони Беҳдошти Ҷаҳониро ба даст оварад.

Дар нишасти солонаи Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ, ки дар Женева баргузор шуд, пешниҳоди марбут ба барафроштани парчами Фаластин бо 95 раъйи мувофиқ ба тасвиб расид.

Ин пешниҳод аз сӯи кишварҳое чун Чин, Покистон, Арабистон ва шуморе дигар ироа шуда буд, дар муқобил чаҳор кишвар, аз ҷумла Маҷористон, Чехия, Олмон ва режими саҳюнистӣ бо он мухолифат карданд ва 27 кишвар низ аз раъйгирӣ худдорӣ варзиданд. /Ирна