Намояндаи Тоҷикистон-мудири кулли ЮНИСЕФ,барои аввалин бор
(last modified Sat, 11 Jan 2025 09:21:23 GMT )
Январ 11, 2025 14:21 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи Тоҷикистон-мудири кулли  ЮНИСЕФ,барои аввалин бор

Ҷонибек Ҳикмат-намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ба мақоми мудири кулл(президент)и Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ барои соли 2025 интихоб гардид.

Ба гузриши Садои Хуросон ин хабарро хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид мунташир кардааст.

10 январ интихоботи президент ва муовинони президенти Бюрои Шурои иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) баргузор гардид,ки ба ин тартиб барои нахустин бор аст, ки намояндаи Тоҷикистон ба ин вазифаи пурмасъул интихоб мешавад.

Шурои иҷроияи ЮНИСЕФ аз 36 аъзо (президент ва чор муовин) иборат буда, фаъолияти ЮНИСЕФ-ро назорат ва арзёбӣ мекунад. Бюро ҳамчун ҳамоҳангсоз байни котиботи ЮНИСЕФ ва гурӯҳҳои минтақавӣ амал намуда, ба масъалаҳои маъмурӣ ва вазифавӣ тамаркуз мекунад. Он ба раванди гуфтушунидҳои қабули қарорҳо давоми ҷаласаҳо барои баланд бардоштани самаранокии Шурои иҷроия мусоидат мекунад.