Октябр 20, 2016 19:05 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистониҳо - дувумин гурӯҳи муҳоҷирони корӣ дар Русия

Намояндаи Вазорати умури дохилии Русия гуфт, пас аз узбакистониҳо шаҳрвандони Тоҷикистон пурҷамъияттарин гурӯҳи муҳоҷири корӣ дар Маскав ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Дмитрий Сергиенко, масъули Вазорати корҳои дохилии Русия дар умури муҳоҷират гуфтааст, Тоҷикистон аз назари теъдоди муҳоҷирони корӣ дар Русия пас аз Узбакистон дар мақоми дувум қарор дорад. Намояндаи Вазорати кишвари Русия афзуд, аз оғози имсол беш аз як миллион шаҳрванди хориҷӣ бидуни раводид барои кор ба Маскав, пойтахти Русия ворид шудааст, ки 20 дарсади онҳоро шаҳрвандони Узбакистон, 17 дарсадашонро шаҳрвандони Тоҷикистон, 15 дарсад аз онҳоро шаҳрвандони Қирғизистон, 14 дарсад шаҳрвандони Украина ва 11 дарсади дигарро шаҳрвандони Беларусия ташкил медиҳанд. Сергиенко гуфтааст, тақрибан 70 дарсади шаҳрвандони хориҷӣ бо ҳадафи пайдо кардани кор ба Маскав сафар мекунанд.

Бар асоси гузориши Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, имсол 301 ҳазор шаҳрванди  ин кишвар барои ба даст овардани кор ба Русия сафар кардааст, ки 28 ҳазор нафар аз муддати мушобеҳи соли гузашта камтар аст.

Тибқи оморҳои ғайрирасмӣ, беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ба сар мебарад.