Март 20, 2021 18:58 Asia/Dushanbe
  • Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми видеоӣ мардуми ин кишварро бо фаро расидани иди Наврӯзи бостонӣ ва Соли нави миллӣ табрик гуфт.
    Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми видеоӣ мардуми ин кишварро бо фаро расидани иди Наврӯзи бостонӣ ва Соли нави миллӣ табрик гуфт.

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми ведиоӣ фаро расидани ҷашни Наврӯзи бостониро ба мардуми ин кишвар табрик гуфт.

  Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон дар паёми видеоӣ мардуми ин кишварро бо фаро расидани иди Наврӯзи бостонӣ ва Соли нави миллӣ табрик гуфт.

   Раҳмон гуфт : Наврӯз ба унвони бузургтарин ойини мардумӣ ҳануз аз оғози пайдоиши он то ба имрӯз, ки торихи беш аз шаш ҳазорсоларо дар бар мегирад, ҳамчун рамзи оғози сол, яъне айёми баробар шудани шабу рӯз,эҳёи табиат, оғози кишту кору фаъолияти кишоварзон таҷлил мешавад.

   Вай дар идома ҷашни Наврӯзро барои мардуми тоҷик ба унвони ворисони мустақими тамаддуни бостонии ориёӣ, як падидаи бисёр қавии ҳуввиятсоз, яке аз аркони муҳими худшиносиву худогоҳӣ унсури ҷудоӣнопазири фарҳанги миллӣ ва ҷузъи барҷастаи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносӣ унвон кард.

    Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон бо баёни ин ки дар ҷаҳонбинии ниёкони мо Наврӯз таҷассумгари пирӯзии нур бар торикӣ, гармӣ бар сардӣ ва хубӣ бар бадӣ мебошад гуфт : Табиӣ аст, ки чунин суннати пурарзиши табиӣ ва инсониву хайрхоҳонаро бо ҳеч чиз наметавон маҳдуд кард .

   Вай афзуд : Ҳавзаи тамаддуни Наврӯз дар тӯли торихи тӯлонимуддати вуҷуди он қаламрави манотиқи мухталифро фаро гирифта фарҳанги мардуму миллатҳои мухталифи ҷаҳонро рангоранг ва ғанӣ кардааст.

   Раҳмон гуфт : Наврӯзи имсол дар Тоҷикистон дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҷлил мешавад, яъне баҳори имсоли баҳори Истиқлолу Наврӯзи он Наврӯзи Истиқлол аст .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп