Октябр 20, 2016 19:16 Asia/Dushanbe
  • Размоиши зиддитеррористии Тоҷикистону Чин дар марзи Афғонистон

Размоиши зиддитеррористии муштараки Тоҷикистону Чин наздик дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон оғоз шуд.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, размоиши муштараки Тоҷикистону Чин рӯзи панҷшанбе дар ноҳияи Ишкошим бо ҳузури дастикам 10 ҳазор низомӣ, чандин зиреҳрӯш ва чархболҳои низомӣ оғоз шуд. Ин размоиш то 24-уми октябр идома хоҳад дошт.

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон дар ин бора гуфт, ин размоиш бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон баргузор мешавад.

Чин имсол бо ташкили як эътилофи зиддитеррористӣ бо ҳамкории Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон масрафи сохти таъсисоти зербиноеро бо ҳадафи тақвияти амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таъмин кардааст. Ҳукумати Тоҷикистон низ аз ибтидои имсол барномаҳои дақиқеро барои тақвияти амнияти марзҳои худ бо Афғонистон, бавижа бахшҳое, ки дар маърази таҳдиди Толибон қарор дорад, дар дастур кори худ қарор додааст. Нерӯҳои Толибон дар чандин минтақаи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузур доранд.