Март 22, 2021 17:34 Asia/Dushanbe
  • Барномаҳои муносибе барои тавсеъаи ҳамкориҳои Теҳрон - Душанбе пешбинӣ шуда аст
    Барномаҳои муносибе барои тавсеъаи ҳамкориҳои Теҳрон - Душанбе пешбинӣ шуда аст

Ҷашни Наврӯз дар маҳали сифорати Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури пурранги эрониёну тоҷикҳо баргузор шуд.

    Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс,Ортиқи Қодир-ҳунарманди шинохташуда театру синамои тоҷик дар ин маросим зимни табрики фаро расидани Наврӯз аз ашъори наврӯзӣ ва баҳории шоирони тоҷику эронӣ қироъат кард .

    Дар ин ойин ҳамчунин сафири Эрон дар Тоҷикистон Наврӯзро мероси ниёкону паёмовари сулҳ, дӯстӣ ва ҳамзистӣ донист ва изҳор кард : Бо иҳтимому ибтикори Ҷумҳӯрии исломии Эрону ҷумҳӯрии Тоҷикистон, ки дар сабти ҷаҳонии Наврӯз пешгом шуданд, Наврӯз имрӯз марзҳои сиёсиро дарнавардида ва ба унвони як рӯйдоду муносибати байналмиллалӣ ба расмият шинохта шудааст .

   Муҳаммадтақии Собирӣ бо ишора ба пешбинии барномаҳои муносиб барои тавсеъаи ҳамкориҳои Теҳрон - Душанбе ибрози умедворӣ кард ҳар чӣ зудтар  бемории корона решакан ва рафту омадҳои мардуми ду кишвар барқарор шавад .

  Ҷашни Наврӯз дар сафорати Эрон дар Душанбе
  Ҷашни Наврӯз дар сафорати Эрон дар Душанбе

 

    Дар ин маросим ҳунармандони саршиноси Тоҷикистон ҳамчун Давлатманд  Холов, Афзалшоҳи Шодӣ, Файзалии Ҳасан, Ибодуллоҳи Машраб ва Фахриддини Малик зимни табрики Наврӯз ва орзӯи равнақи дӯстиву бародарии байни ду миллати Эрону Тоҷикистон, ашъори наврӯзӣ ва ирфонии Ҳофиз,Саъдӣ,Мавлоно,Ҷомӣ, Имом Хумайнӣ ва Лоиқ Шералиро дар қолаби таронаву тасниф иҷро карданд .

 

    Бештар бихонед :

 

Барчасп